Мо дар Анҷумани 41-уми Ҷамъияти аврупоии ҷарроҳони катаракта ва рефрактивӣ (ESCRS) дар Вена ҳастем

Мо дар Анҷумани 41-уми Ҷамъияти аврупоии ҷарроҳони катаракта ва рефрактивӣ (ESCRS) дар Вена ҳастем

Аз 8 то 12 сентябри соли 2023 дар Вена чорабинии муҳими ҷомеаи ҷаҳонии офталмологӣ – Анҷумани 41-уми Ҷамъияти аврупоии ҷарроҳони катаракта ва рефрактивӣ (ESCRS) баргузор гардид. Дар анҷуман офталмологҳои тамоми ҷахон, аз ҷумла офталмологҳои пешқадами SAIF-OPTIMA иштирок доштанд.

Мутахассисони SAIF-OPTIMA бо навтарин навгониҳои ҷаҳони чашм, тадқиқоти муосири илмӣ ва ихтирооти нав шинос шуданд, бо ҳамкасбони кишварҳои дигар, дар муҳокимаи масъалаҳои ташхис ва табобати бемориҳои чашм, инчунин имкониятҳои муосири ҷарроҳӣ табодули таҷриба карданд.

Маълумот: The European Society of Cataract and Refractive Surgeons (ESCRS) соли 1991 таъсис ёфтааст. ESCRS ташкилоти пешбари Аврупо оид ба ҷарроҳии катаракта, рефраксия ва ҷарроҳии сегменти пеши чашм мебошад. Чамъият зиёда аз 7500 нафар аъзоёнро қариб аз 130 мамлакат дарбар мегирад. ESCRS як форуми беназирро барои муҳокима, омӯзиш ва паҳн кардани таҷрибаи байналмилалӣ дар байни офталмологҳо дар саросари Аврупо пешниҳод мекунад.

Share this post

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *